30 Ноябр 2021 - 18:11
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон: Бояд дар бораи лағви комили таҳримҳо тавофуқ сурат гирад

Муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, бояд дар бораи лағви комили таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон тавофуқ сурат гирад.

ABNA24 – Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷа ва раиси ҳайати музокиракунандаи эронӣ дар музокирот бо 4+1 баъд аз нишасти ифтитоҳияи Комиссияи муштараки БарҶом дар посух ба ин суол, ки оё гуфтугӯҳо дар коргурӯҳи рафъи таҳримҳо, ки аз субҳи сешанбе кори худро оғоз хоҳад кард, аз ҳамон нуқтаи панҷ моҳи пеш шуруъ мешавад ё қарор аст мабоҳиси ҷадиде сурат бигирад, афзуд: Он чизе, ки аз 6 даври гузашта гуфтугӯҳо боқӣ мондааст, фақат як пешнавис будаву тавофуқе сурат нагирифтааст.

Боқирии Канӣ гуфт, аз он ҷо ки иродаи ҷиддӣ барои музокираву омодагии амалӣ барои дастёбӣ ба тавофуқ вуҷуд дорад, нисбат ба оянда хушбин аст.

  • Хатибзода: Тамаркузи тими музокиракунандаи Эрон рафъи таҳримҳост

Муовини вазири хориҷа ҳамчунин дар бораи нишасти рӯзи душанбеи Комиссияи муштараки БарҶом (нишасти ифтитоҳияи музокироти Эрон ва гуруҳи 4+1) гуфт: Қарор бар ин шуд, ки мавзӯи лағви таҳримҳо ба унвони дастури кори аввалияи камиссиюни муштараки БарҶом қарор гирад ва бар ҳамин асос коргурӯҳи баррасии мавзӯи лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ ва золимона зидди миллати Эрон оғоз ба кор кунад.

Музокирот барои лағви таҳримҳои золимонаи Амрико зидди Эрон аз рӯзи гузашта дар Вена оғоз шудааст.

Дар ин давр аз музокирот, ки бо раёсати Алӣ Боқирии Канӣ, муовини сиёсии Вазорати умури хориҷаи Эрон баргузор мешавад, тими муҷаррабе аз коршиносон ва дипломатҳои пешини Эрон ҳузур доранд.

342/